Пайвандҳои дастрасӣ

Тафтиши дахолати Русия ба интихоботи президентии Амрико


Хадамоти иктишофӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Амрико талош доранд, то фаъолияти густарда ва махфии хадамоти махсуси Русияро дар Иёлои Муттаҳида муайян созанд, ки ба коста гардонидани эътимоди амрикоиҳо нисбат ба раванди интихобот ва институтҳои сиёсӣ равона шудааст.

Бюрои федералии тафтишотӣ рахна шудани шабакаҳои компютерии Кумитаи миллии Ҳизби демократ, дӯздида шудани рӯйхати раъйдиҳандагон аз компютерҳои Шӯрои интихоботии Иллинойс ва кӯшиши рахна кардани компютерҳои Шӯрои интихоботии Аризонаро фаъолона таҳқиқ мекунад. Ба назари коршиносони амрикоӣ, пушти ин корҳо рахнагарони рус меистанд.

Тавре расонаҳои хабарӣ менависанд, ҳадафи Кремл на танҳо таъсир расондан ба натоиҷи интихобот, балки эҷоди бесарусомонӣ ва бад намоиш додани раванди интихоботи Амрико ба шаҳрвандони худ аст.

Чанд тан аз қонунгузорҳои маъруфи Амрико аз Барак Обама, президенти ИМА даъват карданд, ки ба таври оммавӣ ҳаракатҳои ғайриқонунии Русияро маҳкум кунад. Намояндаҳои маъмурияти Обама мегӯянд, онҳо ҳанӯз тасмим нагирифтаанд, ки посухи ИМА ба Русия бояд чи гуна бошад.

XS
SM
MD
LG