Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин барои адои эҳтиром ба Каримов гӯри ӯро зиёрат мекунад


Президенти Русия Владимир Путин гуфт, ки рӯзи 6 сентябр барои арзи эҳтиром ва зиёрати гӯри Ислом Каримов ба Тошканд меравад. Ислом Каримов охири ҳафтаи гузашта аз хунравии мағзӣ вафот кард. Путин марги Каримовро талафоти бузурги Узбакистон хонд. Ислом Каримов аз раҳбарони замони коммунистӣ буд, ки 27 сол Узбакистонро бо панҷаи оҳанин идора ва озодиҳои шаҳрвандонро шадидан маҳдуд кард. "Дар бораи он чӣ Каримов барои кишвараш анҷом дод, метавон ба таври мухталиф қазоват кард, аммо ӯ суботро дар ин кишвар ҳифз кард, рушди кишварашро ҳифз кард, Умед дорам, раҳбарияти нави кишвар битавонанд суботро ҳифз кунанд, барои бақои кишваре мисли Узбакистон ҳифзи субот хеле зарур аст," - гуфт Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия.

XS
SM
MD
LG