Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар пасманзари гармиши равобит байни Лондон ва Теҳрон барои аввалин бор аз соли 2011 Бритониё дар Эрон сафир таъин кард. Николас Ҳоптон, сафири собиқи Бритониё дар Яман ва Қатар ин нақшро иҷро хоҳад кард. Ӯ дар гузашта дар мақомҳои поёнтари сафорати Бритониё дар Эрон кор кардааст. Эълони вазорати умури хориҷии Бритониё дар мавриди таъини сафири нав як сол баъд аз дубора боз шудани сафорат дар Теҳрон садо дод. Лондон намояндагиашро дар Эрон соли 2011 дар пайи ҳуҷуми як гурӯҳи тазоҳургарон ба он баст. "Беҳтар шудани равобити дипломатӣ ба мо имкон медиҳад, ки баррасии як қатор масоил, аз ҷумла корҳои консулгарии моро тавсеа диҳем," - гуфт вазири хориҷии Бритониё Борис Ҷонсон дар изҳороташ. Ӯ изҳори умед кард, ки ин оғоз роҳҳоро барои ҳамкориҳои созандаи ду кишвар боз мекунад ва, инчунин, имконеро барои баҳси ҳуқуқи башар ва нақши Эрон дар минтақа фароҳам меорад. Ҳафтаи гузашта ҳамчунин парвозҳои мустақими байни Теҳрону Лондон аз сар гирифта шуд. Равобити Эрон бо кишварҳои ғарбӣ соли гузашта, ба дунболи созиш бар сари коҳиши барномаҳои ҳастаии Эрон бар ивази лағви таҳримҳо ба бор омад.

XS
SM
MD
LG