Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи марди муттаҳам ба сарнагун кардани ҳукумат


Додгоҳи як соҳибкори қазоқ, ки ба кӯшиши сарнагун кардани ҳукумат, экстремизм ва нигоҳдории ғайриқонунии силоҳ муттаҳам шудааст, 14 сентябр баргузор мешавад. Дар ин бора Додгоҳи низомии Қазоқистон хабар дод. Тохтар Толешов, раҳбари як корхонаи бузурги тавлиди пиво дар Қазоқистон, моҳи январи соли 2016 якҷоя бо 24 гумонбари дигар, аз ҷумла собиқ муовини додситони кулл ва собиқ раиси минтақавии пулиси Қазоқистони Ҷанубӣ боздошт шуд. Ба дунболи боздошти Толешов мақомот фаъолони русгаро ва миллатгароро саркӯб карданд. Толешов намояндаи дафтари қазоқистонии Маркази таҳлили таҳдидҳои террористии Русия буд ва дар масоили ҳамкориҳои иқтисодӣ ва мазҳаб ба порлумони Русия машварат медод.

XS
SM
MD
LG