Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сурия, Украина ва амнияти кибернетикӣ дар суҳбати Обама бо Путин


Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Барак Обама дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои саноатии ҷаҳон дар Чин бо Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия масъалаи Сурияву Украина ва амнияти кибернетикиро матраҳ кард. Обама рӯзи 5-уми сентябр ба хабарнигорон дар Гуанҷоу гуфт, дар сӯҳбат мавзӯи гуфтушуниди дипломатҳои аршади ду кишвар оид ба Сурия дар миён буд.

Обама гуфт, бар пояи ризояти ҷонибҳо дипломатҳои аршади ду тараф рӯзҳои оянда талошҳоро барои расидан ба оташбас ва хатми хушунатҳо дар Сурия идома хоҳанд дод. Ӯ гуфт, ҳама гуна оташбас бояд расонидани кумакҳои башардӯстона ба мардумро имконпазир кунад. Президенти Амрико дар масъалаи Украина гуфт, ки ӯ дар мулоқот бо Путин бар сари татбиқи созишномаи Минск таъкид карда ва гуфтааст, то замоне ки созишномаи Минск татбиқ нашавад, таҳримҳо низ аз байн намераванд.

Дар ниҳоят ӯ гуфт, ки бо Путин масъалаи амнияти кибенетикиро баҳс кард ва нигарониҳои Амрикоро аз ҳуҷуми кибернетикӣ аз Русия ва давлатҳои дигар баён намуд. Обама гуфта, умед дорад, давлатҳои бархӯрдор аз тавони сайберӣ бо масъулият рафтор мекунанд ва технологияҳоро барои заиф кардани давлатҳои дигар ба кор намебаранд. Ӯ гуфт, Вашингтон хоҳони "сабқати силоҳ" дар фазои кибернетикӣ нест.

XS
SM
MD
LG