Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Силcилаи таркишҳо дар Сурия бо даҳҳо қурбонӣ


Силсилаи таркишҳо дар қисмати таҳти назорати ҳукумати Сурия ба камияш 44 нафарро кушта ба ҷо гузошт. Матбуоти давлатии Сурия мегӯяд, ки ҳадди ақал 35 нафар дар ду таркиши ҳамзамони атрофи пули Арзоуна, воқеъ дар шаҳри шимолуғарбии Тартус, кушта шуданд. Телевизиони давлатии Сурия гуфт, таркиши аввал аз мошини бомгузоришуда буд ва таркиши дувумро як маргталаб дар ҳоле анҷом дод, ки кормандон барои поккорӣ ба ҷойи таркиши аввал омада буданд. Се нафари дигар аз таркише дар шаҳри Ҳумс дар даромадгоҳи мавзеи Боб Тадмур кушта шуданд. Аз таркиши дигар дар шаҳри шимолушарқи Ҳасакеҳ, ки асосан таҳти назорати курдҳо ҳаст, дастикам панҷ нафар ба ҳалокат расиданд.

XS
SM
MD
LG