Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбари чопхонаи Маскав худашро таслим кард


Раҳбари аршади чопхонаи Маскав, ки рӯзи 27 август сухторе дар он боиси марги 17 нафар шуд, худро ба мақомот таслим кард. Кумитаи тафтишоти Москав рӯзи 5 сентябр гуфт, ки Сергей Москвин ҳамкорӣ бо гурӯҳи тафтишотро оғоз кардааст. Ин ниҳод рӯзи 2 сентябр Москвин ва раиси бахши бехатарии чопхона Антон Ятсковро ба рӯйхати афроди мавриди пайгард ворид кард. Ҳарду ҳам дир ғиёбашон ба нақзи муқаррароти бехтарӣ муттаҳам шуданд. Вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров гуфт, ки мақомот дар ин қазия таҳқиқоти ҷиддиро ба роҳ монда масъулони ҷиноятро ошкор ва муҷозот мекунанд. Дар сухтори рӯзи 27 август 17 шаҳрванди Қирғизистон, асосан занону духтарон ва чаҳор шаҳрванди Русия ҳалок шуданд.

XS
SM
MD
LG