Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳамроҳхон Зарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Ҷопон, ҳамроҳ бо кормандони сафорат парчами кишварро дар қуллаи Фудзияма насб кардаанд. Фудзияма бо 3776 метр баландтарин қулла дар Ҷопон ба шумор меравад. Сафорати Тоҷикистон дар Ҷопон фатҳи ин қулла ва насби парчами Тоҷикистонро ба ҷашни 25-умин солгарди истиқлоли Тоҷикистон бахшидаанд.

Кормандони сафорати Тоҷикистон дар Ҷопон танҳо пас аз кӯшиши дувум муваффақ шудаанд, ки қуллаи Фудзиямаро фатҳ кунанд. Ба таъкиди масъулони сафорат, ҳафтаи гузашта низ онҳо талош карда буданд, ба ин қулла бароянд. Аммо шамоли сахт ва борон имкон надодааст қулларо фатҳ намоянд.

Фудзияма дар ҷазираи Хонсюи Ҷопон дар 100-километрии ҷанубуғарби шаҳри Токио қарор дорад. Ин қулла дар натиҷаи оташфишонии вулқон ба вуҷуд омадааст ва ҳар ҷопонӣ талош мекунад, ки як бор дар давоми умраш онро фатҳ кунад.

Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири собиқи корҳои хориҷии Тоҷикистон, 10-уми августи соли 2015 бо фармони президент сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Ҷопон таъин шуд.

XS
SM
MD
LG