Пайвандҳои дастрасӣ

Фурқати Саид: Хусуру хушдонамро эҳтимол барои пул куштаанд


Фурқати Саид

Фурқати Саид

Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон мегӯянд, ки як сокини Душанбе дар куштори Маҳмадбой ва Зебуннисо Пирназаровҳо гумонбар аст, аммо ҳанӯз боздошт нашудааст. Маҳмадбой Пирназарови 94-сола ва Зебуннисо Пирназароваи 84-сола, хусуру хушдомани Фурқати Саид – раҳбари гуруҳи “Шашмақомхонҳо”-и Тоҷикистон, шаби 4-уми сентябр дар манзилашон кушта шуданд. Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, рӯзи 5-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳоло гурӯҳи тафтишотӣ барои мушаххас кардани омилон ва сабабҳои ин куштор кор мебаранд. “Вақте ки гумонбарҳо дастгир шуданд, сабаби ин қатл маълум мешавад. То ҳол касе дастгир нашудааст,” – таъкид кард ӯ. Дар ҳамин ҳол, Фурқати Саид аз қавли мақомоти тафтишотӣ гуфт, ду нафар ба гумони даст доштан дар қатли хусуру хушдоманаш боздошт шудаанд. Иттилое, ки расман тасдиқ нашудааст. Ӯ дар мавриди сабабҳои ин ҳодиса гуфт, “ба далели он ки ашёи хона тагурӯ шудааст, эҳтимол омилони ин куштор дар манзили онҳо пул ё ягон ашёи гаронбаҳоро ҷустуҷӯ кардаанд”.

XS
SM
MD
LG