Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мулоқоти Обама ва Путин дар ҳошияи нишасти G20


Раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Барак Обама ва раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин дар ҳошияи нишасти кишварҳои пешрафтаи саноатӣ дар Чин мулоқот карданд. Мақомоти Амрико мегӯянд, ки натоиҷи гуфтугӯи ду раҳбар дертар эълон мешавад. Сухангӯи Кремлин Дмитрий Песков ба хабарнигорон гуфтааст, ки Обама ва Путин масъалаи Сурияву Украинаро баррасӣ карданд. Субҳи 5-уми сентябр дипломатҳои баландпояи Амрико ва Русия дар масъалаи созиш бар сари коҳиши даргириҳо дар Сурия забони муштарак наёфтанд.

XS
SM
MD
LG