Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Туск: Имконоти ИА барои қабули муҳоҷирон ба поён мерасад


Доналд Туск

Доналд Туск

Доналд Туск, раиси Шӯрои Аврупо дар саммити "Бистгонаи бузург" аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват кардааст, ки барои ҳалли буҳрони муҳоҷират ба иттиҳод кумак кунанд. Ба гуфтаи вай, имконоти Иттиҳоди Аврупо (ИА) барои қабул муҳоҷирони нав ба поён мерасад. Туск гуфтааст, сухан танҳо дар бораи гурезаҳои Сурия намеравад. "Шумори гурезаҳо ё онҳое, ки хонаҳояшонро тарк мекунанд, дар саросари олам ба беш аз 60 миллион нафар мерасад", - афзуд ӯ.

Раиси Шӯрои Аврупо ҳамчунин аз иштирокдорони саммит даъват кард, то мушкилеро, ки мардумро ба тарк кардани хонаҳояшон водор месозад, бартараф кунанд. Ба назари вай, Чин, ИМА ва Русия бояд кумакҳои иқтисодию башардӯстонаи худро ба Сурия афзоиш бидиҳанд, чун онҳо тақрибан гурезаҳои ин кишварро намепазиранд. Соли 2015 беш аз як миллион зодаи Ховари Миёнаву Наздик ва Африқо аз кишварҳои Аврупо паноҳгоҳ хостаанд.

XS
SM
MD
LG