Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Туркманистон майдони Ислом Каримов пайдо хоҳад шуд


Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раиси ҷумҳури Туркманистон, дар маросими видоъ бо президенти Узбекистон Ислом Каримов суханронӣ кард ва гуфт, ки Каримов мардумашро дӯст медошт ва барои рушди кишвараш заҳмати зиёде кашид. "Вай дорои дили бузург, ватандӯсти воқеӣ, сиёсатмадор ва фаъоли давлатӣ буд. Ҳамаи ташаббусҳои вай ҳамеша дар сатҳи ҷаҳонӣ пуштибонӣ меёфтанд. Каримов ҳамеша мегуфт, ки бояд байни кишварҳо боварӣ мавҷуд бошад", - афзудааст Бердимуҳаммадов. Вай илова кардааст, ки дар Туркманистон мардум Каримовро дӯст медоранд. Бердимуҳаммадов ваъда дод, ки дар Туркманистон майдон ва гулгаште ба номи Ислом Каримов гузошта хоҳад шуд. "Ин номгузорӣ на танҳо дар пойтахт, балки дар дигар шаҳрҳои кишвар низ сурат хоҳад гирифт", - гуфтааст президенти Туркманистон.

XS
SM
MD
LG