Пайвандҳои дастрасӣ

Аврупо хостори хатми буҳрони паноҳҷӯён шуд


Доналд Туск, намояндаи Шӯрои Иттиҳодияи Аврупо рӯзи 4-уми сентябр дар ҳамоиши 20 кишвари пешрафтаи ҷаҳон дар Чин, даъват кард, ки ба кишварҳои ин Иттиҳод кӯмак расонанд, то бӯҳрони паноҳҷӯён ҳал шавад. Ба қавли ӯ, ҳоло имкониятҳои Иттиҳодияи Аврупо барои қабули бештари паноҳҷӯён ба ҳадди ниҳоӣ наздик мешавад.

Туск гуфт, ин ҷо сӯҳбат танҳо дар бораи паноҳҷӯён аз Сурия нест, балки аз тамоми ҷаҳон шумораи афроде, ки дар ҷустуҷӯи паноҳандагӣ ҳастанд, ба беш аз 60 миллион расидааст. Намояндаи Шӯрои Иттиҳодияи Аврупо дар ин нишаст бо муроҷиат ба сарони 20 кишвари пешрафтаи ҷаҳон гуфт, қабл аз ҳама бояд талош шавад, ки мардум хонаҳои худро тарк накунанд.

Ӯ гуфт, бояд Чин, ИМА ва Русия кӯмакҳои башардӯстона ва иқтисодии худро ба Сурия бештар кунанд, дар ҳоле, ки ин се кишвар тақрибан ягон тан азпаноҳҷӯёнро аз Сурия қабул накардаанд. Танҳо давоми соли 2015 ба кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо аз Африқо ва Ховари Миёна беш аз миллион паноҳҷӯ ворид шудааст.

XS
SM
MD
LG