Пайвандҳои дастрасӣ

Обама аз Туркия хост, ки роҳи ҷангиён ба Сурияро бандад


Барак Обама, президент Амрико ба Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия сари аҳамияти анҷом додани "корҳои таъмини амният дар марзҳои Туркия ва Сурия", таъкид доштааст. Роҳбарони ин ду давлат рӯзи 4-уми сентябр дар ҳошияи нишасти G-20 дар Гуанҷови Чин мулоқот карданд. Обама гуфт, ки ҳимояи марзҳои Туркия бисёр муҳим аст, чунки маҳз аз ҳамон ҷо ҷангиёни эҳтимолӣ ба сафи нерӯҳои ифротии "Давлати исломӣ" дар Сурия мепайванданд.

Обама ҳамчунон изҳор доштааст, ки Туркия набояд ба танҳоӣ сарбории буҳрони паноҳандагони суриягиро ҳал кунад. Ин мулоқоти Обама ва Эрдуғон аввалин дидори онҳо пас аз кӯшиши табадуллоти давлатӣ дар тобистони имсол буд. Раисҷумҳури Амрико таъкид дошт, ки ӯ ин кӯшиши сарнагун кардани ҳокимиятро маҳкум кардааст ва бо Туркия дар амри ба ҷавобгарӣ кашидани онҳое, ки дар ташкили табаддулоти ноком даст доштанд, кӯмак хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG