Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 36 нафар дар садамаи автомобилӣ дар Зобул


Бар асари садамаи автомобилӣ дар вилояти Зобули Афғонистон 36 нафар ба ҳалокат расида ва беш аз 20 тани дигар захмӣ шудаанд. Бисмиллоҳ Афғонмал, волии Зобул субҳи якшанбеи 4 сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳодиса субҳи имрӯз дар шоҳроҳи Кобул-Қандаҳор дар минтақаи Ҷалдак рух додааст. Ба гуфтаи вай, сабаби ҳодиса то ба ҳол рӯшан набуда ва занону кӯдакон низ дар миёни кушташудаҳо ва захмиёни ин ҳодиса мебошанд. Аз ин қабл низ дар шоҳроҳи Кобул-Қандаҳор шоҳиди чунин садамаҳои автомобилӣ будааст. Аз ҷумла соли ҷорӣ бар асари як садама дар вилояти Ғур 73 нафар ба ҳалокат расида ва 16 тани дигар замхӣ шуданд. Сабаби ин гуна ҳодисаҳо беэҳтиётии ронандаujy, набудани аломатҳои роҳ ва харобии роҳҳо гуфта мешавад.

XS
SM
MD
LG