Пайвандҳои дастрасӣ

Штайнмайер аз эътирофи наслкушии арманиҳо пуштибонӣ кард


Франк Валтер-Штейнмайер

Франк Валтер-Штейнмайер

Франк-Валтер Штайнмайер, вазири корҳои хориҷии Олмон, аз қарори Бундестаг – порлумони ин кишвар, ҳимоят кард, ки куштори дастҷамъии арманиҳоро ба дасти Туркияи Усмонӣ наслкушӣ номида буд. Дар ин бора Мартин Шефер, намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Олмон дар як нишасти матбуотӣ изҳори назар кард. Ӯ гуфт, “Штайнмайер қарори Бундестагро дар ин бора дастгирӣ карда буд, дастгирӣ мекунад ва дастгирӣ хоҳад кард.” Шефер гуфт, раҳбари Вазорати корҳои хориҷӣ ҳамзамон вакил ҳаст ва барои ин қабули қарор дар замина кори шахсии ӯ низ ҳаст.

XS
SM
MD
LG