Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Парвозҳо аз Русия ба Туркия аз сар гирифта шуд


Баъди танишҳои тақрибан яксола нахустин ҳавопаймои мусофирбар бо 309 нафар рӯзи 2 сентябр аз Русия ба Анталияи Туркия парвоз кард. Пас аз он ки Туркия дар моҳи ноябри соли 2015 як ҳавопаймои ҷангии Русияро дар наздикиҳои марзи Сурия сарнагун кард, сафари сайёҳони рус ба ин кишвар қатъ шуда буд. Моҳи июни соли равон Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия, бо ирсоли як нома барои сарнагун кардани ҳавопаймои русӣ бахшиш пурсид ва пас аз ин муносибатҳои ду кишвар рӯ ба беҳбуд оварданд. Дар пайи таҳримҳо сафари сайёҳони хориҷӣ ба Туркия 30,3 дар сад коҳиш ёфт. Ҳоло сафари сайёҳони Русия ба Туркия дар ҳоле расман оғоз шуд, ки давраи таътил ва мавсими сайёҳӣ ба поён мерасад.

XS
SM
MD
LG