Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Матбуоти давлатӣ мегӯяд, ки чаҳор нафар дар шимоли Эрон аз тӯфону тундар ва селхезӣ ҷон бохтанд. Сомонаи IRIB, шабакаи давлатии телевизиони Эрон, навиштааст, се узви як оила - падар, модар ва бачаи онҳо - рӯзи 2 сентябр дар сели ногаҳонӣ дар наздикии рӯдхонаи вилояти Гулистон, воқеъ дар шимоли Эрон ғарқ шуданд. Як зани 70-солаи деҳотиро, ки дар берун ба коре машғул буд, радду барқ ҳалок кард. Бар асари омадани сел баъзе роҳҳо дар вилояти Гулистон касногузар шуда ва мошинҳо ба гил нишастанд. Дар вилояти Мозандарон тӯфону бод, ки суръати ҳаракаташ 130 километр дар соат буд, хатҳои барқро канда ва 900 боми хонаҳоро хароб кард.

XS
SM
MD
LG