Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Панҷ куштаи садамаи нақлиётӣ дар Тоҷикистон


Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

Дар пайи чаҳор садамаи рӯзи 2 сентябр дар роҳҳои Тоҷикистон панҷ нафар ҳалок шудаанд. Дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, субҳи 2 сентябр бар асари як садама дар ҳудуди ноҳияи Ёвон як зани 45-сола, духтарчаи 15-сола ва ронанда ҷон бохтаанд. Бегоҳи ҳамин рӯз дар ҳудуди ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ як духтарчаи 7-сола зери чархи мошин монда ва баъди интиқолаш дар бемористон даргузаштааст. Дар ноҳияи Исфара низ як ронандаи 37-сола бинобар беэҳтиётӣ писари 10-соларо зер намудааст, ки ӯ дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

XS
SM
MD
LG