Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Клинтон Путинро ба дахолат дар интихобот муттаҳам кард


Ҳилларӣ Клинтон, номзади Ҳизби демократ дар интихоботи раёсати ҷумҳури Амрико, Владимир Путинро дар даст доштан ба пахши пайғомҳои почтаи электронии Ҳизби демократ муттаҳам кард. Рӯзи 2 сентябр президенти Русия дар суҳбат бо "Bloomberg" ин иттиҳомро рад кард ва гуфт, "муҳим нест, ки ин маълумотро ки "ҳак" кардааст, муҳим он аст, ки муҳтавои ин маълумот дастраси омма шуд."

Сухангӯи Клинтон Ҷесси Лерич гуфт, ҷойи ҳайрат нест, ки Путин ҳам мисли номзади Ҳизби ҷумҳурихоҳ Доналд Трамп аз дахолати хориҷӣ ба умури интихоботи Амрико пуштибонӣ мекунад, ки яқинан барои зарба задан ба Ҳилларӣ Клинтон ва Ҳизби демократ истифода мешавад. Сухангӯи Клинтон гуфт, маъракасозони ин ҳизб бовар доранд, моҳи июл почтаи электронии Кумитаи миллии демократҳоро дар остонаи анҷумани пешбарии номзадҳо Русия шикаста буд. "Ин масъалаи амнияти миллӣ аст ва ҳар як амрикоӣ ҳақ дорад, ба суолҳо дар мавриди эҳтимоли созиши пасипардагии Трамп бо Русия посух бигирад," - гуфт ӯ.

Владимир Путин дар сӯҳбат бо "Bloomberg" истифодаи, ба гуфтаи ӯ, "қартаи Русия"-ро аз ҷониби ҳарду номзад танқид кард ва онро "кӯтоҳандешӣ" номид.

XS
SM
MD
LG