Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомот: Марз бо Узбакистон баста нест


Масъулони нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон мегӯянд, ки сарҳади Тоҷикистон бо Узбакистон баста нест ва дар ин бора ҳеч дастур содир нашудааст. Муҳаммадҷон Улуғхоҷаев, сухангӯи нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон, рӯзи 2-юми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ҳоли ҳозир сокинону мошинҳо дар ду тарафи марз бемамониат ҳаракат доранд, Вай гуфт, "шояд маҳдудиятҳо дар бархе аз гузаргоҳҳои Узбакистон ба мушоҳида расанд, вале дар маҷмуъ сарҳад боз аст." Ин дар ҳолест, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ баъзе сокинони Тоҷикистон аз маҳдудият дар убуру мурури марз бо Узбакистон навишта ва ин ҳодисаро бо эҳтимоли даргузашти президенти кишвари ҳамсоя рабт додаанд. Ҳанӯз мақомоти давлатӣ дар Узбакистон хабари даргузашти Ислом Каримовро таъйид накардаанд. Рӯзи 2-юми сентябри хабаргузории Рейтер бо такя ба се манбаи дипломатӣ гуфт, ки Ислом Каримов даргузаштааст.

XS
SM
MD
LG