Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Отамбоев: Путин мазори қурбониёни соли 1916-ро зиёрат мекунад


Владимир Путин, президенти Русия тасмим дорад, ба мазори қурбониёни фоҷеаи соли 1916, воқеъ дар маҷмааи "Ота-Бейит"-и Қирғизистон биравад. Дар ин бора президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев хабар медиҳад.

Ба гуфтаи вай, Путин барои иштирок дар солгарди саммити раҳбарони кишварҳои ИДМ, ки қарор аст 15-16 сентябр дар Бишкек баргузор шавад, ба Қирғизистон сафар хоҳад кард.

Ёдрас мешавем, соли 1916 мардуми қирғиз зидди сиёсати миллигароёнаи истибдоди Русияи подшоҳӣ исён карданд. Ба ин исён фармони шоҳ аз 25 июни соли 1916 дар бораи сафарбар кардани мардони аз 19 то 43-солаи Туркистон ба корҳои ҳарбии ақибгоҳ сабаб шуд.

Шӯришро отряди ҷазодиҳандаи подшоҳ ба таври шадид саркӯб кард ва сокинони вилоятҳои Чуй, Иссиқкӯл ва Норини Қирғизистон маҷбур шуданд ба Чин фирор кунанд. Ба гуфтаи таърихнигорон, аҳолии ин вилоятҳо то 40% коҳиш ёфта буд.

Солҳои шӯравӣ сухан аз ин мавзуъ мамнуъ буд ва аз ин рӯ ба ҳаводиси соли 1916 баҳои таърихӣ дода нашудааст.

XS
SM
MD
LG