Пайвандҳои дастрасӣ

Иддаои Эрдуғон дар поккории марзи Сурия аз ДИИШ


Президенти Туркия, Раҷаб Тайиб Эрдуғон ҳуҷум низоҳмӣ ба шимоли Сурияро муваффақ хонд ва гуфт, ки то 400 килолметри мурабаъ заминро аз гурӯҳи худхондаи Давлати Исломӣ ва нерӯҳои масаллаҳи Курд пок кардааст. Эрдуғон рӯзи 1 сентябр гуфт, ки ин ду гурӯҳ барои Туркия таҳдиди баробар доранд, ҳарчанд гурӯҳҳои Курд аз шарикони аслии Ийолоти Муттаҳида дар ҷанг бо ДИИШ ҳисоб мешаванд. Ӯ гуфт, ки сарфи назар аз аз созиш, гурӯҳҳои мусаллаҳи Курд ба қисмати шимоли дарёфи Фурот ақибнишинӣ какарданд. " Курдҳои Сурия шарики ҷудоихоҳони мусаллаҳи курд ҳастанд, шарики онҳое, ки таркишҳоро дар Туркия ба роҳ мондаанд, инҳо террорист ҳастанд." Сарфи назар аз мушкилот бар сари Курдҳои Сурия, Пентагон иддаои Эрдуғонро, дар масъалаи поккории марз тасдиқ кард.

XS
SM
MD
LG