Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Русия коҳиши истихроҷи нафтро зарур намешуморад


Вазири энержии Русия Александр Новак мегӯяд, ки агар нархи як бушка нафт дар ҳудуди 50 доллар боқӣ бимонад, гуфтушунид бо кишварҳои аслии истеҳсолкунандаи нафт(OPEC)) барои маҳдуд кардани истихроҷ зарур нест. Новак гуфтааст, ки дар сурати коҳиши нарх Русия гуфтушунидро бо ин ки шварҳо аз сар мегирад. Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати энержӣ хабар додааст. Изҳороти Новак қиммати як бушка нафтро дар бозори Лондон то 1 доллару 44 сент поён бурд ва ба $45,45 баробар кард. Александр Новак моҳи гузашта гуфта буд, ки сарфи назар аз нокомӣ дар гуфтушуниди моҳи апрел, ҳозир аст мавзуи коҳиши истихроҷро бо OPEC баррасӣ кунад. Мулоқоти кишвварҳои аслии истеҳсолкунандаи нафт охири моҳ дар Алҷазаир баргузор мешавад.

XS
SM
MD
LG