Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Алмосбек Отамбоев, президенти Қирғизистон Николай Бордюжа, дабири кулли Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД)-ро, ки дар доираи як сафар дар Бишкек қарор дорад, ба ҳузур пазируфтааст. Дар мулоқот масоили вобаста ба фаъолияти созмон, омодагӣ ба иҷлосияи Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ, ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ, Шӯрои вазирони дифоъ ва Кумитаи котибони шӯрои амнияти СПАД, ки қарор аст 13-14 октябри соли равон дар Ереван баргузор шавад, баррасӣ шудааст. Отамбоев ва Бордюжа ҳамчунин нақшаи муборизаи муштарак бо терроризму экстремизми байналмилалӣ ва паҳлӯҳои ҳамкориҳои минбаъдаро дар таъмини амнияти минтақа муҳокима кардаанд.

Ёдрас мешавем, дабири кулли СПАД дар доираи як сафари серӯза вориди Қирғизистон шудааст. Қарор аст, вай дар ҷараёни боздидаш аз Бишкек бо Раимбердӣ Дуйшанбиев, сардори Ситоди кулли Қувваҳои мусаллаҳ ва Темур Ҷумақодиров, котиби Шӯрои дифои ин кишвар низ дидор ва гуфтугӯ кунад. Бордюжа 3 сентябри соли равон дар расми ифтитоҳи Бозиҳои ҷаҳонии аспдавони II ва Ёдгории қурбониёни соли 1916 иштирок хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG