Пайвандҳои дастрасӣ

Эътирози ҳазорон нафар дар Венесуэла алайҳи президент Мадуро


Дар пойтахти Венесуэла шаҳри Каракас рӯзи чаҳоршанбе эътирози густарда баргузор шуд. Эътирозгарон истеъфои президент Николас Мадуроро талаб карданд. Ҳамзамон бо эътирози мухолифон, дар кӯчаҳои Каракас ҷонибдорони президент низ ба раҳпоймоӣ баромаданд.

Ҳукумати Венесуэла мухолифонро дар талоши табадуллоти давлатӣ айбдор мекунад. Дар ибтидои моҳи август мухолифон талош карданд, ки барои нобоварӣ эълон кардан ба президент имзо ҷамъ биоранд, аммо натавонистанд, ки ҳадди ақали 4 миллион имзоро ба даст оранд.

Баъди уфти арзиши нафт Венесуэла ба буҳрони амиқи иқтисодӣ фурӯ рафтааст. Дар ин кишвар камбуди ниёзи аввалия мушоҳида шуда, пушти дари мағозаҳо навбатпоии тӯлонӣ ба вуҷуд омадааст. Мухолифон Мадуроро дар пеш бурдани сиёсати ғалати иқтисодӣ айбдор мекунанд. Аммо мақомот мегӯянд, ки дар камбуди маҳсулот ИМА айбдор аст.

XS
SM
MD
LG