Пайвандҳои дастрасӣ

Чин додани виза ба шаҳрвандони Қирғизистон қатъ кард


Ба думболи ҳамлаи террористӣ ба сафорати Чин дар Бишкек, ин кишвар додани иҷозаи сафар ва ё виза ба шаҳрвандони Қирғизистон қатъ кард. Рӯзи 1 сентябр Вазорати умури хориҷии Қирғизистон гуфт, шаҳрвандоне, ки барои гирифтани визаи Чин ариза додаанд, метавонанд паспортҳои худро, бо виза ва ё бидуни виза, дар вазорат дарёфт кунанд. Ҳамлаи интиҳорӣ ба сафорати Чин дар Бишкек рӯзи 30 август сурат гирифт. Ҳукумати Қирғизистон мегӯяд, ки қабл аз ба кор даровардани маводи тарканда, ҳамлагар дарвозаи сафоратхонаи Чинро шикаст ва барои дохил шудан маҷмаъа талош карда. Дар ин ҳодиса ҳамлагар ҳалок ва се нафар захмӣ шудаанд. Чину Қирғизистон, ҳарду ин ҳодисаро амали террористӣ унвон карданд. Масъулияти таркишро то ҳол касе бар дӯш нагирифтааст. Чин рӯзи 31 август аз шаҳрвандонаш даъват кард, ки аз сафар ба Қирғизистон худдорӣ кунанд ва онҳое, ки дар минтақаи Осиёи Марказӣ қарор доранд, аз эҳтиёт кор бигиранд.

XS
SM
MD
LG