Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Даъвати Тимофтӣ ба эътирофи руминӣ ба ҳайси забони давлатии Молдова


Президенти Молдова Николае Тимофтӣ даъват кард, ки руминӣ забони давлатии ин кишвар эътироф шавад. Аз рӯи Конститутсияи Молдова, забони давлатии ин кишвар забони молдованӣ мебошад. Дар як суханрониаш дар Академияи улуми Молдова дар шаҳри Кишинёв ба муносибати таҷлили иди забони миллӣ рӯзи 31 август, президент гуфт, «Аслан ҳамаи мо румин ҳастем, вале худро молдован ном мебарем». Дар идома ӯ гуфт, «биёед, ин воқеиятро барои худ дарк ва қабул карда аз паси ҳалли масъалаҳои дигар шавем».

Тимофтӣ гуфт, ки ба эътимоди ӯ, тағйири исми забони давлатӣ дар конститутся барои ҷилавгирӣ аз ихтилоф миёни онҳое, ки худро руминӣ ва молдован меноманд, мусоидат мекунад. Тимофтӣ гуфт, «вақте маро президентони дигар мепурсанд, ки асли ман чист, ҳамеша мегӯям, ки ман руминӣ ҳастам, мисли волидону гузаштаҳоям ва тамоми дигар мардуме, ки дар ин сарзамин зиндагӣ мекунанд». Тимофтӣ аз қарори Додгоҳи конститутсионии Молдова ситоиш кард, ки соли 2013 забони руминиро забони давлатии ин кишвар эълон кард.

XS
SM
MD
LG