Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳалокати шаш ҷангии Толибон дар даргирии Лугар


Мақомоти Афғонстон мегӯянд, ки субҳи 1 снтябр дар ҳуҷуми мусаллаҳона ба идораи раиси ноҳия дар Вилояти Лугар ҳашт нафар, бо шумули дастикам шаш ҷангии Толибон кушта шуд. Муҳаммад Ҳалим Фидоӣ, Раиси вилояти Лугар ба Радои Озодӣ гуфт, ки сарбозони хадамоти амнияти Афғонистон дар ҷараёни даргирӣ дар идораи маъмурияти ноҳияи Чарх шаш ҷангии Толибонро маҳв карданд. Қабл аз ҳуҷум мошини ҳомили маводи тарканда дар назди девори идораи ҳукумат субҳи барвақт мунфаҷир шуд. Ба гуфтаи Фидоӣ дар ҷараёни даргирии дусоата як сабози неруҳои амнияти Афғонистон захмӣ шуд. Сухангӯи волӣ мегӯяд, ду нафар аз таркиши мошин ҳалок шуданд. Толибон иддао кардаанд, ки ҷангиёни ин гурӯҳ раиси ноҳияро якҷо бо 41 ходими пулис куштаанд.

XS
SM
MD
LG