Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия "паралимпиада"-и худашро баргузор мекунад


Русия ният дорад барои паролимпиадаҳои худаш, ки аз иштирок дар бозиҳои паролимпии Рио маҳрум шуданд, мусобиқа баргузор кунад. Ин мусобиқа ду рӯз доир хоҳад шуд ва замони баргузориаш ҳам ҳафтаи оянда таъйин шудааст.

Ба гуфтаи раиси Кумитаи паролимпии Русия Владимир Лукин, мусобиқаи мазкур рӯзҳои 7 ва 8 сентябр дар вилояти Москва баргузор мешавад.

Кумитаи байналхалқии паролимпӣ тамоми ҳайати Русияро аз ширкат дар бозиҳо маҳрум кард. Тасмими кумитаи паролимпӣ баъди ошкор шудани барномаи допингии Русия гирифта шуд. Ҳафтаи гузашта Додгоҳи арбитражии варзишӣ даъвои Русияро дар мавриди роҳ додани варзишгаронаш ба бозиҳои Рио рад кард.

31 август додгоҳи олии Швейтсария дархости Кумитаи паролимпии Русияро дар мавриди муваққатан бекор кардани мамнуъият рад кард. Тавре дар радномаи додгоҳ омадааст, кумитаи Русия натавонист, ки ҳамаи уҳдадориҳояшро дар мавриди қоидаҳои зиддидопингӣ иҷро кунад.

Паролимпиада дар Рио аз 7 то 18 сентябр баргузор мешавад. Тими олимпии Русия кам монда буд, ки аз ширкат дар бозиҳои Олимпии Бразилия маҳрум шавад. Бозиҳои Олимпии Бразилия 21 август ба охир расид.

XS
SM
MD
LG