Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роҳ аз Кундуз ба сӯи Тоҷикистон боз шуд


Пули Олчин дар вилояти Кундуз, ки як масири транзитӣ байни Тоҷикистон ва Афғонистон ба шумор меравад ва чанд рӯз қабл аз сӯи Толибон тахриб шуда буд, шоми чаҳоршанбеи 31 август ба рӯи равуои мошинҳо, боз шудааст. Волии Кундуз Асадулло Умархел ба хабарнигорон гуфтаст, ки ин пул аз тарафи муҳандисони артиши миллии Афғонистон бозсозӣ шуда ва ҳоло шоҳроҳи Кундуз- Бандари Шерхон боз мебошад. Пули Олчин дар шимоли шаҳри Кундуз воқеъ аст ва ин шаҳрро ба минтақаи марзии Бандари Шерхон пайваст мекунад. Бандари Шерхон бо ноҳияи Ҷайҳуни (Қумсангири пешин) вилояти Хатлон марзи муштарак дорад ва молу коло аз Покистону Афғонистон ба Тоҷикистон асосан тариқи ҳамин гузаргоҳ ворид мешавад. Пули "Дӯстӣ", ки дар Бандари Шерхон ва Панҷи Поён воқеъ аст ва бо сармояи Амрико бунёд шудааст, Афғонистон ва Тоҷикистон бо ҳам мепайвандад.

XS
SM
MD
LG