Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрдуғон истирдоди Гюленро дар Чин баррасӣ мекунад


Раҷаб Таййиб Эрдуғон
Раҷаб Таййиб Эрдуғон

Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия, ният дорад, ки масъалаи истирдоди Фатҳуллоҳ Гюлен, руҳонии фирории туркро бо ҳамтои амрикоияш Барак Обама дар саммити "Бистгонаи бузург" баррасӣ кунад. Ин ҳамоиш рӯзи 4-уми сентябр дар Чин баргузор хоҳад шуд.

Дар ин бора Иброҳим Калин, намояндаи раиси ҷумҳури Туркия хабар додааст. Вале Вашингтон то ҳол иттилои мазкурро шарҳ надодааст. Ҷо Байден, ноиби президенти ИМА, рӯзи 24-уми августи соли равон ҳангоми боздидаш аз Анқара гуфт, Иёлоти Муттаҳида барои баҳои дуруст додан ба айбномаи зидди Гюлен бо мақомоти Туркия ҳамкорӣ хоҳад кард. Ба гуфтаи Байден, Вашингтон танҳо дар доираи қонун метавонад, мухолифи туркро ба ватанаш истирдод кунад.

Анқара Фатҳуллоҳ Гюлен, мухолифи турки муқими Иёлоти Муттаҳидаро дар ташкили кӯшиши табаддулоти давлатии шаби 15 ба 16-уми июл дар Туркия айбдор мекунад. Худи Гюлен ин айбро рад карда, мегӯяд, агар гуноҳи вайро додгоҳи мустақил исбот кунад, ба ватан бар хоҳад гашт.

XS
SM
MD
LG