Пайвандҳои дастрасӣ

Чин дар таҳқиқи ҳамлаи интиҳорӣ ба Бишкек кӯмак мекунад


Чин гуфтааст, ки дар таҳқиқи ҳамалаи интиҳории рӯзи 30 август алайҳи сафораташ дар Бишкек бо мақомоти Қирғизистон ҳамкорӣ мекунад. Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Чин, Ҳуа Чунйинг рӯзи 31 август гуфт, ки Пекин барои ҳарчӣ зудтар дастрас кардани маълумот дар бораи афрод ва гурӯҳҳое, ки дар паси ин таркиш қарор доранд, бо Қирғизистон ҳамкорӣ мекунад. Ҳукумати Қирғизистон мегӯяд, ки қабл аз ба кор даровардани маводи тарканда, ҳамлагари интиҳорӣ дарвозаи сафоратхонаи Чинро шикаст ва барои дохил шудан маҷмаъа талош карда, худашро ҳалок ва се нафарро захмӣ кард. Чину Қирғизистон, ҳарду ин ҳодисаро амали террористӣ унвон карданд. Масъулияти таркишро то ҳол касе бар дӯш нагирифтааст. Чин рӯзи 31 август аз шаҳрвандонаш даъват кард, ки аз сафар ба Қирғизистон худдорӣ кунанд ва онҳое, ки дар минтақаи Осиёи Марказӣ қарор доранд, аз эҳтиёт кор бигиранд.

XS
SM
MD
LG