Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Меъмори аслӣ"-и гурӯҳи "Давлати исломӣ" кушта шуд


Вазорати дифои Русия рӯзи 31 август гуфт, ки фармондеҳи гурӯҳи худхондаи Давлати Исломӣ Абу Муҳаммад ал- Аднониро бо ҳуҷуми ҳавоӣ дар Алепо аз байн бурдааст. Ба гуфтаи вазорати Русия дар ин ҳуҷум дастикам 40 ҷангии ДИИШ кушта шуданд. Ин дар ҳолест, ки Пентагон гуфт, ки дар ҳамлаи ҳавоӣ ба шимоли Сурия, дар таърихи 30 август, фармондеҳи гурӯҳи худхондаи "Давлати исломӣ", Абу Муҳаммад ал-Аднониро ҳадаф қарор дод, аммо бо ишора ба идомаи арзёбии ин ҳамла хабари марги ӯро тасдиқ накард. Як пойгоҳи хабарии наздик ба ДИИШ рӯзи 30 август гузориш дод, ки Аднонӣ дар вилояти Алепо кушта шудааст. Сӯхангӯи Пентагон Петер Кук Аднониро ҳамчун "меъмори аслӣ"-и амалиёти хориҷии ДИИШ ва сухангӯи он арзёбӣ кард. Кук гуфт, ки Аднонӣ "ҳаракатҳои ҷангиёни ДИИШ-ро ҳамоҳанг мекард", ҳуҷумҳои инфиродӣ ба мулкиҳо ва низомиёнро ташвиқ мекард ва ба ҷалби ҷангиён ба сафи ДИИШ машғул буд. Гурӯҳи худхондаи "Давлати исломӣ" дар чанд ҳафтаи ахир ба силсилаи мағлубиятҳо рӯ ба рӯ шуд махсусан дар вилояти Алепо. Туркия бо ҳуҷум ба ин минтақа ДИИШ-ро рӯзи 29 агуст аз шаҳри марзии Ҷароблус берун кард.

XS
SM
MD
LG