Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин: "Арктика бояд аз ташаннуҷи геополитикӣ орӣ бошад"


Владимир Путин гуфтааст, ки Русия бо омӯзишу кашфи захираҳои дастнохӯрдаи Арктика ё минтақаи Қутби Шимол мехоҳад, бо кишварҳои мустаҳақ ба он равобити сулҳҷӯёна ба роҳ монад. Ӯ гуфтааст, "Арктика бояд ҳамчун фазои гуфтугӯҳои бозу одилона баррасӣ шавад. Маконе, ки дар он барои бозиҳои геополитикии блокҳои низомӣ, созишҳои пасипардагӣ ва мубориза барои нуфуз ҷой набошад."

Ин пайғоми Путинро рӯзи 30-юми август котиби Шӯрои амнияти Русия Николай Патрушев ба аъзои Шӯрои Арктика қироат кард. Нишасти Шӯро дар киштии ҳаставии яхшикани Русия ҷараён дорад, ки бо убури уқёнус то бандари Певек меравад. "Русия чун пештара аз рушди мусолиматомези ин минтақа, бо назардошти манофеи миллии худ, пушибонӣ мекунад ва ба манфиати давлатҳои дигар эҳтиром мегузорад,"- гуфтааст Владимир Путин. Ӯ афзудааст, "рушди босуботи Арктика ҳоло аҳамияти муҳим касб мекунад ва на танҳо шукуфоии кишварҳои Арктика, балки комёбии давлатҳои дигар низ ба ин бастагӣ дорад."

Николай Патрушев гуфт, ки баъзе тафовути назар дар коркарди захирагоҳҳои қоравӣ ба миён омадааст, ки фаротар аз Русия, Канада, Аляска ва манотиқи дигар мерасад, аммо афзудааст, ин тафовутҳо метавонанд аз роҳи муслиматомез ҳал шаванд.

XS
SM
MD
LG