Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвози нахустини ҳавопаймоҳои амрикоӣ ба Куба


Баъди 55 сол парвози ҳавопаймо миёни Куба ва Амрико аз сар гирифта шуд ва нахустин парвозро ҳавопаймои ширкати "ҶетБлу" рӯзи сешанбе анҷом дод. Ҳоло ин парвозҳо аз Флорида ва Санта Клару ба Куба роҳандозӣ шуда, муҳлати парвозҳо на бештар аз як соатро дар бар мегирад. Амрико давоми ду сол талош кард, то равобити ин кишвар бо Куба барқарор шавад. Соли гузашта пас аз беҳбуди равобит даҳҳо ҳазор амрикоӣ ба Куба сафар карданд. Муносибати Амрико баъди ба сари қудрат омадани Фидел Кастро, ки бештар майли ҳамкорӣ ба Иттиҳоди Шӯравиро дошт, бад шуда буд. Куба, ҳоло ягона кишвари амрикоист, ки пас аз пошхӯрии Шӯравӣ низ сохти сотсиалистиро пеш мебарад.

XS
SM
MD
LG