Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маскав дар қатори шаҳри бадтарин аз нигоҳи экологӣ


Сергей Донской, вазири захираҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зисти Русия даҳ шаҳри бадтарин аз нигоҳи экологиро эълон кард, ки Маскав ҳам ба он шомил аст. Ӯ гуфтааст, шаҳрҳо аз нигоҳи олудагии ҳаво бо дудҳои ғализ ва таъсири он ба сиҳатии сокинон баҳогузорӣ шудаанд. Ба қавли вазир, вазъи шаҳрҳои Русия аз нигоҳи экологӣ хеле бад буда, вазъ ислоҳи ҳар чӣ зудтарро талаб мекунад. Тасмим аст, ки моҳи ноябр рейтинги шаҳрҳои Русия аз нигоҳи тозагӣ ба пуррагӣ эълон шавад.

XS
SM
MD
LG