Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Саҳифаи Лола Каримова навиштааст, ки Ислом Каримов зинда аст


Дар пасманзари ахбори зиддунақиз дар бораи Ислом Каримов, рӯзи 31 август пайғоме дар саҳифаи духтари хурдии президенти Узбакистон дар Инстаграм нашр шуд, ки ба зинда будани Каримов ишора мекунад. Саҳифаи Лола Каримова-Тиллоева барои пуштибонӣ, суханони гарм ва орзӯҳои сиҳати зудраси президенти Узбакистон, аз ҷомеъа изҳори сипос кардааст. Дар пайғом омадааст, "ҳарфҳое, ки аз самими дил гуфта шудаанд, барои зуддтар ба по хестани ӯ кӯмак мекунанд." Аз замони эълони расмии бемории Ислом Каримов, дар таърихи 28 август, то ҳол дигар маълумоте нашр нашудааст. Хабаргузории Ferghana News Agency рӯзи 29 август бо такя ба як манбаи беном аз марги президент Каримов хабар дод, аммо хабаргузориҳои дигар, аз ҷумла Интрерфакс, гуфтанд, ки Ислом Каримоҳ ҳанӯз зинда аст. Дмитрий Песков, сухангӯи Президенти Русия рӯзи 30 август дар бораи вазъи Каримов гуфт, ки "Кремлин дар ин бора маълумоти тоза надорад" ва дуруст нест агар Маскав вазъи саломатии президенти Узбакистонро шарҳ диҳад.

XS
SM
MD
LG