Пайвандҳои дастрасӣ

Дар баҳри Миёназамин беш аз 6,5 ҳазор муҳоҷирро наҷот доданд


Наздики 6,5 ҳазор муҳоҷирро маллоҳони итолиёвӣ дар 25 километрии соҳилҳои Либия наҷот додаанд. Ин гурезаҳо аз Эритрея ва Сомолаӣ бо қайиқҳои дорои мусофирони лабрез озими Аврупо буданд.

Дар амалиёти наҷотдиҳии муҳоҷирон киштии гвардияи соҳилии Итолиё ва қайиқи маъмурияти башардӯстонаи СММ иштирок кардаанд. Хабаргузории Associated Press бо истинод ба сухани намояндагони ниҳодҳои мазкур навиштааст, ки муҳоҷирон дидаву дониста ба баҳр баромадаанд.

"Онҳо медонистанд, ки бо ин қайиқҳо аз Либия то Италия рафтан номумкин аст. Аз ин рӯ, аз лаҳзаҳои нахустини баромадан ба баҳр кумаки наҷотдиҳандагонро интизор будаанд", - навиштааст хабаргузорӣ.

Ба ҳисоби Созмони байналмилалии муҳоҷират, тайи чанд моҳи ахир беш аз 105 ҳазор муҳоҷир тариқи баҳри Миёназамин ба Итолиё рафтаанд. Зиёда аз 2 ҳазору 700 мард, зану кӯдак дар нимароҳ ҷон додаанд.

XS
SM
MD
LG