Пайвандҳои дастрасӣ

Яке аз андешапардозони бонуфузи ДИ дар Ҳалаб кушта шуд


Дар шаҳри Ҳалаби Сурия яке аз андешапардозон ё идеологҳои бонуфузи гуруҳи террористии "Давлати исломӣ" (ДИ) кушта шудааст. Дар ин бора созмони байналмилалии SITE, ки фаъолияти исломгароёнро дар интернет пайгирӣ мекунад, иттилоъ додааст.

Абӯ Муҳаммад ал-Аднонӣ яке аз сарлашкарони ДИ буда, ба ҳайси котиби матбуотии ин созмон кор мекард. Вай бештар аз ҷиҳодиён даъват мекард, ки дар кишварҳои Ғарб амалиёти террористии ҷудогона анҷом диҳанд.

Дар изҳороти вазорати дифои ИМА омадааст, ки нерӯҳои эътилофи байналмилалӣ рӯзи сешанбе дар шаҳри ал-Баб ҳамлаи ҳавоиеро анҷом додаанд, ки ҳадафи он ал-Аднонӣ буд. Бар пояи ин изҳорот, натиҷаи ҳамла феълан таҳлил мешавад.

Моҳи августи соли равон раҳбари ДИ дар Афғонистон ва Покистон аз зарбаи бесарнишини амрикоӣ ба ҳалокат расида, дар Сурия низ қаблан Абӯ Умар аш-Шишонӣ, наздиктарин мушовири раҳбари ДИ кушта шуд.

XS
SM
MD
LG