Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Гуруснашинии беш аз 100 муҳоҷир дар боздоштгоҳи Сочӣ


Дар боздоштгоҳи муҳоҷирони шаҳри Сочии Русия рӯзи сешанбе зиёда аз 100 одам гуруснанишинӣ эълон кардаанд. Ба иттилои "Медиазона", муҳоҷирон аз вазъи бади санитарию ғизои марказ шикоят доранд.

Бино ба хабарҳо, баъди дар ихтиёри Вазорати корҳои дохилии Русия гузоштани вазифаи Хадамоти федералии муҳоҷират раванди расмиёти ихроҷ аз ин кишвар бисёр тӯл мекашад.

Бархе аз муҳоҷирон омодаанд, ки аз ҳисоби худ Русияро тарк кунанд, вале кормандони марказ наметавонанд, онҳоро то фурудгоҳ расонанд.

Маркази боздоштгоҳи муваққатии муҳоҷирон дар деҳаи Вардани Сочӣ соли 2013 боз шудааст. Як сол пеш Шӯрои ҳуқуқи инсони назди президенти Русия баъди шикоятҳо роҷеъ ба шароити бади нигаҳдорӣ аз ин марказ боздид карда буд.

XS
SM
MD
LG