Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чеченҳо бо талаби паноҳандагӣ дар марзи Лаҳистон хайма заданд


Даҳҳо сокини Чеченистон дар назди марзи Беларус бо Лаҳистон хайма зада аз ин шикоят доранд, ки "паноҳанда" ҳастанд, вале мақомоти Лаҳистон аз вуруди онҳо ба кишвари узви Иттиҳоди Аврпуоро ҷилавгирӣ мекунанд. Гурӯҳи шаҳрвандони Русия аз Чеченистон, бо шумули кӯдакон, занон ва пиронсолон рӯзи 29 август, дар ҳоле, ки аз вуруди онҳо ба қаламрави Лаҳистон ҷигавгирӣ шуд, дар минтақаи марзии Брести Беларус манъ шуданд. Намояндагони ин гурӯҳ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, то замони рушан шудани тасмими расмии Варшава дар бораи дархости вуруд ба Иттиҳоди Аврпуо, онҳо дар ҳамин урдугоҳ боқӣ мемонанд. Мақоми консулгарии Русия дар Брест, Игор Корякин барои мулоқот ва сӯбҳат бо ин гурӯҳ ба минтақаи марзӣ сафар кард. Садҳо шаҳрванди Русия аз Чеченистон моҳҳои ахир дар Брест ҷамъ шуда, аз Иттиҳоди Аврпуо талаби паноҳандагӣ доранд. Бархеи онҳо сабаби бештар шудани талабгорони муҳоҷиратро ба шеваи хушунатбори режими Рамзон Қодиров марбут кардаанд, ки Маскав аз ӯ пуштибонӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG