Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳуввияти бомгузори интиҳорӣ дар Бишкек ҳанӯз мушаххас нашудааст


Ба думболи ҳуҷуми интиҳорӣ ба сафорати Чин дар Бишкек субҳи 30 август, президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев ба ҳукуматаш дастур дод, ки чораҳои зидди терроризмро дар саросари кишвар таҳким диҳанд. Дар ин ҳодиса ҳамлагари интиҳорӣ кушта ва се корманди қиирғизи сафорат захӣ шудаанд. Ҷениш Раззоқов, ноиби нахусвазири Қирғизистон гуфт, ки ҳамлагари интиҳорӣ қабл ба кор даровардани бомба, бо ҳадафи ворид шудан ба ҳавелии бино, дарвозаи сафоратхонаро шикастаст. Ба гуфтаи Вазорати беҳдошти Қирғизистон се корманди захмишудаи сафорат шаҳрвандони Қирғизстон буданд. Хадамоти амнияти Қирғизистон гуфт, ки қазияро ба баррасӣ гирифтаааст аммо дар бораи ҷараёни тафтишот ҷузъиёт надод. Манбаҳои хадамоти амнияти ин кишвар баъди чанд соати таркиш гуфтанд, ки ҳануз дар пайи мушаххас кардани соҳиби мошин ва ҳуввияти нафаре ҳастанд, ки ҷасадаш аз дохили мошин ёфтанд.

XS
SM
MD
LG