Пайвандҳои дастрасӣ

Музокироти созиши тиҷорати озод ба бунбаст рафт


Вазири Тиҷорати Хориҷии Фаронса Матиас Феки гуфт, кишвараш аз Комиссиюни Аврпуо даъват мекунад, ки гуфтушуниди созиши бузурги тиҷоратӣ дар байни Иттиҳоди Аврупо ба Ийолоти Муттаҳидаро ба поён расонад. Феки рӯзи 29 август дар як сӯҳбати радиоӣ гуфт, ки музокирот пуштибонии сиёсаии Фаронсаро аз даст дод". Феки гуфт, ки марҳилаи кунунии гуфтугӯҳо оиди тарҳи " Тиҷорати Фароатлантикӣ ва Шарокати Сармоягузорӣ" бояд қатъ ва марҳилаи дигар оғоз шавад. Майкл Фроман, сухангӯи Намояндаи Тиҷоратии Амрико ба маҷаллаи "Шпигел" гуфтааст, ки музокирот пешрафти собит касб кард. Аммо Вазири Иқтисоди Олмон Сигмар Габриел рӯзи 28 август гуфт, ки "гуфтушунидҳо амалан ноком шуданд, ҳарчанд ҳеҷ кас дар инро эътироф намекунад." Габриел гуфт, ки бо гузашти се сол ва 14 даври музокирот бар сари тарҳи созишномаи иборат аз 27 банд, ҷонибҳо ҳато бар сари як банд ҳам ба созиш нарасиданд. Дар сурати тасвиб шудан созишномаи "Тиҷорати Фароатлантикӣ ва Шарокати Сармоягузорӣ" бугуртарин қаламрави тиҷорати озодро эҷод хоҳад буд.

XS
SM
MD
LG