Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Олмон духтари 16-соларо бо тероризм муттаҳам мекунанд


Додситонии Олмон нисбат ба як духтари 16-сола барои қасди куштор ва тасмими анҷоми амалҳои террористӣ айб эълон кард. Тибқи иттилои расмӣ, София баъди маҷрӯҳ шудани як пулиси олмонӣ аз дасти ифротагроён дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҷонибдорӣ аз онҳо сӯҳбат кардааст. Моҳи феврал як шаҳрванди Олмон ва Марокаш барои маҷрӯҳ кардани корманди пулис боздошт шуда буданд. Тафтишот маълум кардааст, ки ҳамзамон София моҳи январи соли ҷорӣ ба Истанбул рафта, аз ҷонибдорони “Давлати исломӣ” барои анҷоми амали террористӣ дар Олмон дастур гирифтааст. Инчунин, як духтари нуздаҳсолаи аслаш суриягӣ, вале шаҳрванди Олмон барои хабар надодан аз тасмимҳои София боздошт шудааст. Нафари дигар ҳам бо номи Муҳаммад Ҳасан, ки аз рафторҳои София хабар доштааст, дар боздошт қарор дорад.

XS
SM
MD
LG