Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Э.Раҳмон: Забони русӣ барои мо аҳамияти воқеӣ дорад


Эмомалӣ Раҳмон

Эмомалӣ Раҳмон

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳангоми ифтитоҳи бинои нави Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия дар Душанбе эълон кард, ки ҳукумати кишвар ба забони русӣ аҳамияти зиёд қоил аст. Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 30-уми август гуфт, дар ҳоли ҳозир дар 27 мактабу беш аз 130 синф таҳсил пурра ба забони русӣ ба роҳ монда шудааст.

"Забони русӣ барои ҷомеаи мо аҳамияти бузурги на шиорӣ, балки воқеӣ дорад. Фикр мекунам, ки ин ҷо дар бораи нақши забони русӣ дар ҷаҳони муосир муфассал сухан гуфтан зарурат надорад. Танҳо ҳаминро таъкид мекунам, ки он яке аз забонҳои расмии Созмони Милал ва созмонҳои дигари бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ мебошад," – афзуд ӯ.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфт, ки Душанбеи расмӣ аз аввалинҳо шуда, дар сатҳи қонунгузорӣ Барномаи давлатии такмили таълими забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла забони русиро тасдиқ кардааст, ки шаш солро дар бар мегирад. Эмомалӣ Раҳмон ҳини ифтитоҳи бинои нави Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия ба масъалаи равобити ду кишвар ҳам дахл кард ва аз ҷумла гуфт, "дар ҳоли ҳозир вусъат додани гардиши мутақобилаи мол ва татбиқи лоиҳаҳои нави муштараки сармоягузорӣ, ба мисли нерӯгоҳи "Сангтӯда-1" ниҳоят муҳим аст".

Дар идомаи ин суханонаш оқои Раҳмон афзуд, "мо ба сармояи Русия зарурат дорем ва дар ҷалби он ба иқтисодиёти Тоҷикистон ҳавасмандем". Дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ забони русӣ дар Тоҷикистон забони расмӣ ҳисоб ёфта ва муҳити шаҳри Душанбе комилан русӣ буд. Дар пайи фурӯпошии Шӯравии пешин дар охирҳои соли 1991, ки дар Тоҷикистон ҷанги дохилӣ ва бӯҳрони шадиди иқтисодиро ба дунбол дошт, бештари сокинони русизабон Тоҷикистонро тарк карданд. Ба далели камбуди омӯзгорони забони русӣ дар муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонӣ сатҳи омӯзиши ин забон дар мактабҳо поин рафт.

XS
SM
MD
LG