Пайвандҳои дастрасӣ

Парвандаи марги қирғиздухтаронро тафтиш мекунанд


Кумитаи тафтишотии Русия барои таҳқиқи сӯхтори анбори типографии Москва, ки боиси марги 17 тан, аз ҷумла 14 қирғиздухтар шуд, гуруҳи махсус таъсис додааст. Дар ин бора сомонаи ниҳоди мазкур хабар медиҳад.

Дар ин гуруҳ 14 муфаттиш ва 7 коршиноси ҷиноӣ шомил шудаанд. Бештар аз 30 таҳқиқи тиббиву судӣ таъйин шудааст, ки ин таҳқиқҳоро 10 коршиноси суддиву тиббӣ анҷом медиҳад.

Сӯхтор дар як анбори типографии Москва, ки боиси марги 17 тан, аз ҷумла 14 шаҳрванди Қирғизистон шуд, 27 август рух дод. Аз рӯи ин ҳодиса бо моддаи "Вайрон кардани талаботи бехатарӣ аз сӯхтор" парвандаи ҷиноятӣ кушода шудааст.

3 шаҳрванди дигари Қирғизистон, ки дар ин ҳодиса захм бардоштанд, дар беморхона бистарӣ ҳастанд. Вазъи сиҳатии онҳо муътадил арзёбӣ мешавад.

XS
SM
MD
LG