Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Пентагон задухурди аритиши Туркия бо курдҳоро маҳкум кард


Мақомоти Ийолоти Муттаҳида рӯзи 29 август гуфтанд, ки даргирии байни неруҳои Туркия ва курдҳои суриягӣ, ки Амрико аз онҳо пуштибонӣ мекунад "қобили қабул нест". Интиқод дар ҳоле пахш шуд, ки хабарнигорон аз ҷангҳои артиши Туркия ва шӯришгарони Сурия, ки Анкара аз онҳо пуштибонӣ мекунад, алайҳи ҷангиёни курд дар наздикии шаҳри Манбиҷ, воқеъ дар канораи ғарбии дарёи Фурот, гузориш доданд. Вашингтон, ки ҳамчун як бахши мубориза бо ДИИШ аз ҷангиёнги дастаҳои худдифои курд (YPG) -пуштибонӣ мекунад, гуфт, ки неруҳои Амрико ба даргириҳо ҳамроҳ нашуданд. Ийолоти Муттаҳида гуфтааст, ки амалиёти низомии Туркия дар шимоли Сурияро танҳо алайҳи ДИИШ пуштибонӣ мекунад. Ҳаду, ҳам Амрико ва ҳам Туркия ба ҷангиёни курд ҳушдор додаанд, ки аз қаламрави таҳти назорати худ дар қисмати ғарбии дарёи Фурот ба қисмати шарқӣ ақиб нишинанд. Аммо тавре субҳи 29 август хабарнигорон гузориш доданд, ҷангиёни курд мавқеи худро дар Манбиҷ, ки то ду ҳафтаи пеш дар дасти ДИИШ буд, мустаҳкам мекунанд.Курдҳо ин мавзеъро баъди даргириҳои 10 ҳафтагӣ бо кӯмаки ҳавоии Ийолоти Муттаҳида ба даст оварданд. Сухангӯи ҷангиёни курд, Редур Халил ин хабарро рад карда гуфтааст, ки ҳеҷ неруе ба самти Манбиҷ интиқол наёфтааст.

XS
SM
MD
LG