Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 25 сарбози Яман аз таркиши як маргталаби ДИИШ


Хадамоти амнияти Яман мегӯяд, ки як ҳамлагари интиҳории ДИИШ рӯзи 29 август мошинеро дар шаҳри ҷанубии Адан мунфаҷир кард ва 25 сарбози давлатро, ки озими сафари Арабистони Саудӣ ва пешбурди амалиёт дар марзҳои шимолии кишвар буданд, кушта бар ҷой гузошт. Мақомоти Яман мегӯянд, ки аз ин ҳамла беш аз 60 тани дигар захм бардошта ва ба се бемористони мухталифи минтақа интиқол ёфтанд. Бомгузор мошинро дар ҳудуҳои ду мактаб ва масҷид дар Адан, ки макони сабти номи сарбозони озими амалиёт буд, мунфаҷир кард. Арабистони Саудӣ талош дорад неруи қобили амалро иборат аз 5 ҳазор сарбоз барои пешбурди амалиёт тамрин диҳад. Гурӯҳи худхондаи Давлати Исломӣ масъулияти ин амалро бар душ гирифтааст. Ин гурӯҳ ҳамчунин иддао кардааст, ки дар ин ҳамлаи интиҳорӣ, ки онро як ҷангии ДИИШ анҷом дод, 60 нафар кушта шуд.

XS
SM
MD
LG