Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркиш муассисаи ҷурмшиносии Брюсселро такон дод


Пулиси Белгия панҷ гумонбарро барои бозпурсӣ дар заминаи инфиҷори назди бинои муассисаи ҷурмшиносӣ боздошт кард. Субҳи рӯзи 29 август матбуоти Белгия аз таркише хабар дод, ки муассисаи ҷурмшиносӣ дар Брюсселро такон додааст. Матбуот дар бораи захмишудаҳо чизе нагуфтааст. Шабакаи давлатии RTBF рӯзи 29 август гуфт, ки соати 2-и субҳ мошине қабл аз инфиҷори бомба зуран ба ин макон ҳаракат кардааст. Ба гуфтаи ин манбаъ касе аз ин таркиш осеб надид, аммо ба муассиса зарари чашмгир расидааст. Гуфта мешавад, ки ба думболи таркиш пулис ба ҷойи ҳодиса омада ин маконро дар муҳосира гирифтааст. Муассисаи ҷурмшиносӣ бо мақомоти адлияи Белгия дар масъалаи бозҷӯӣҳо кор мекунад. Баъди бомбгузории дукарата, 22 март дар фурудгоҳ ва метрои Брюссел, ки 32 нафарро қурбон кард, Белгия дар дар заминаи эҳтимоли ҳамлаҳои террористӣ дар ҳоли омодабош қарор дорад.

XS
SM
MD
LG